- ғайрат
- [غيرت]а1. кит. рашк; ғаюрӣ; ҳамият2. саъю кӯшиши бисёр, ҳаракати зиёд; ҷуръат, ҷасорат: ғайрату қобилият, ғайрату ҳиммат, қувват ва ғайрат; ба тариқи истиора: деги ғайрати касе аз ҷӯш мондан, миёни ғайрати худ бастан, хуни ғайрату ҳамияти касе ба ҷӯш омадан; бо ғайрат бо саъю кӯшиш, ғайратмандона; бо ғайрати… бо саъю кӯшиши…, бо ҷидду ҷаҳди…; бо ҳаракату ҷуръати…: бо ғайрати дучанд (тамом, фавқулода) кор кардан; ғайрат афзудан (физоидан) саъю кӯшиши зиёд кардан, бисёр ҳаракату ҷаҳд кардан; ғайрат кардан кӯшишу ҳаракат кардан, ҷидду ҷаҳд намудан; ғайрат нишон додан ниг. ғайрат кардан; ғайрат овардан ниг. ғайрат кардан; ба ғайрат овардан тарзи бавоситаи ба ғайрат омадан; касеро ба кӯшишу ҳаракат даровардан, ба коре роғибу ҳавасманд кардан; ба ғайрат омадан ба саъю кӯшиш даромадан; боҳаракату боҷасорат шудан дар иҷрои коре
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.